35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд бунёд ва ба истифода додани 60 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳисоби миёна ҳамасола 12 корхона мавриди истифода қарор мегирад ва дар айни замон дар шаҳр 100 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Саҳми корхонаҳои саноатии шаҳр дар истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кор назаррас мебошад.
Дар айни замон дар шаҳр сохтмони якчанд корхонаи нав, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли маҳсулоти маишию техникии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи нур», корхонаи истеҳсоли оби шифобахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳавотоғ», корхонаи истеҳсоли мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асри обод», инчунин васеъсозии иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол» идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2021-2025» аз 180 лоиҳаи афзалиятнок иборат буда, ба маблағи умумии 599,45 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






