35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд

Июль 31, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар вилояти Суғд оид ба  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти аҳли заҳмату эҷоди вилоят натиҷаҳо назаррас буда, Суғди бостонӣ ба гӯшаи ободу зебо ва саноатӣ табдил ёфтааст.

Ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, давоми 6 моҳи соли 2025 дар вилоят ба маблағи 18,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиш 132,8 фоиз таъмин гардид.

Навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 253 номгӯй расонида шуданд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли 2025 дар миқёси вилоят 84 корхонаю коргоҳи нав бо 536 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.

Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи  масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва саноати сабукро дар бар гирифта, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда  мусоидат намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 31, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд