Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод

Июль 18, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23 миллиарду 853,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9,7 фоиз ё 2 миллиарду 109,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 фоиз ва бахши аҳолӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад.

Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмолию саноатии мамлакат мусоидат менамоянд.

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини бозори дохилӣ таъкид намудаанд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 18, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд