Ба муносибати 35-солагии Истиқлол дар ноҳияи Панҷ бунгоҳи тиббӣ ва толори варзишӣ ифтитоҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Бурхиёни Ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бунгоҳ бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд гардида, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бунгоҳи тиббӣ дар робита ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд карда шудааст.
Мувофиқи нақша, сохтмони иншоот моҳи феврали соли 2024 аз тарафи Бунёди миллии маблағузории Тоҷикистон оғоз гардида, масоҳати умумии он аз 0,5 гектар иборат мебошад. Бино аз як ошёна ва 3 кабинети кории маъмурӣ иборат аст.
Бунгоҳи тиббӣ дорои таҷҳизоти заминавии тиббӣ буда, баъди ба истифода супоридан ба аҳолии деҳаи Бурхиёни Ҷамоати деҳоти Меҳвар хизмат мерасонад. Дар ҷараёни сохтмони бино аз 6-8 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши аз 2000 то 3000 сомонӣ таъмин гардиданд.
Инчунин дар назди бунгоҳи тиббӣ иншооти ёрирасон иборат аз анборхона ва нуқтаи дастшӯии мизоҷон сохта шудааст. Гармидиҳии бунгоҳи тиббӣ аз тариқи буғӣ бо истифодаи ангишт дар дегхона ба роҳ монда шуда, дар фасли сармо даҳлез ва дохили тамоми бино бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Ба истифода додани ин муассисаҳои кумаки авввалини тиббӣ дар деҳот ба беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Хатлон ҳамзамон дар деҳаи Бурхиёни Ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 толори варзиширо мавриди истифода қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бо саҳми сокинони деҳа толори варзишӣ ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.
Давлаталӣ Саид дар деҳаи Саройкамари Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Кавракбобо» шинос шуда, дар кишти сабзӣ иштирок намуд.
Хоҷагии деҳқонии «Кавракбобо» соли 2009 таъсис ёфтааст. Майдони умумии он 2 гектарро ташкил дода, дар 1,4 гектар чигит, дар 0,40 гектар сабзӣ ва дар 0,20 гектар сабзвот кишт карда шудааст.
Кишоварзони ноҳияи Панҷ соли равон бо истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бахусус маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротиро зиёд намудаанд.
Раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Уртабулоқи ноҳияи Панҷ бо сохтмони Парки технологии инноватсионӣ шинос шуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҷойи кор аз ҳисоби заминҳои Литсейи касбии техникии ноҳия дар 3 гектар барои Парки технологии инноватсионӣ қитъаи замин ҷудо карда шуд. Бо ташаббуси соҳибкор Собир Пиров ҳоло дар 1 гектар сохтмони корхонаҳои истеҳсоли макарон, банду басти писта, истеҳсоли равған ва пахтатозакунӣ бо маблағи 2 миллион сомонӣ идома дорад. Ин корхонаҳо 50 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








АМАЛИ САВОБ. Сокини 80-солаи ноҳияи Тоҷикобод 50 ҳазор сомонияшро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд
Дар ноҳияи Айнӣ барои обёрии беш аз 200 гектар бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт
АМАЛИ САВОБ. Сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш дар болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар бунёд намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» вусъати тоза гирифтааст
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва 2 китобхона ба истифода дода шуд
Соли 2025 соҳибкорони вилояти Хатлон беш аз 500 километр роҳро мумфарш намуданд
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ 42 километр роҳ таъмири ҷорӣ карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 43 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад






