Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар ин замина, ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ мунтазам тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд. Ин матлаб зимни ифтитоҳи ҳамоиши фарҳангӣ, ки 4 июл дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон доир шуд, баён гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши фарҳангӣ бо мақсади ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии онҳо гузаронида шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин замина, ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбону ниёзмандон, таълиму тарбия ва тавонбахшиву мутобиқгардонии онҳо ба зиндагии фаъолона аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид менамоян: «ҳеҷ як ятиму бепарастор ва шахси ниёзманд аз ғамхориву дастгириҳои доимии давлату ҳукумат бебаҳра нахоҳад монд».
Дар мамлакат барои маъюбон имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ муқаррар гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 июл дар мамлакат Рӯзи маъюбон эълон гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






