Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафаш ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат мебошад.
Дар Форум Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба дастовардҳои мамлакат дар соҳаи саноати нассоҷӣ, инчунин имконоти сармоягузорӣ дар ин самт ибрози назар намуд.



Таъкид гардид, ки нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии дурнамои саноати нассоҷӣ, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рушди шаклҳоли устувори ҳамкорӣ мегардад.
Дар доираи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, намоишгоҳи махсуси таҷҳизот, намоиши маҳсулоти саноати сабук, инчунин вохӯриҳои корӣ дар сиғаи В2В ва G2В гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ матраҳ хоҳанд гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






