Дар истироҳатгоҳи «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад

Июль 20, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 июл истироҳатгоҳи тобистонаи «Зинг», воқеъ дар ноҳияи Ванҷ бо фарогирии 63 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабар доданд.

Истироҳатгоҳ дар доираи имконоти мавҷуда барои қабули наврасон омода гардида, истироҳаткунандагон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ бо чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ фаро гирифта мешаванд.

Зимни ифтитоҳи истироҳатгоҳ иброз карда шуд, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати мамлакат дар доираи ин ҳадаф бо ташкили истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакон муҳити солиму созанда ва шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ

Июль 20, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид