Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ба фаъолият оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия Мурғоб.
Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, сокини ноҳияи Мурғоб Майсар Аноятшоева ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар пешрафти амнияти озуқаворӣ ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор шароити мусоид фароҳам меорад.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб 5 гармхонаи парвариши сабзавот мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар таҷрибаи сокинони деҳоти мазкур ташкили чунин гармхонаҳо маротибаи аввал ба роҳ монда шудаааст. Кишоварзон ҳисоби фоидаи маҳсулоти киштнамудаашон бо ҳавасмандӣ мақсад доранд, ки шумораи гармхонаҳоро бештар намоянд.
Дар ин гармхонаҳо маҳсулоти тару тоза, аз қабили помидор, бодиринг, кабудӣ ва дигар намуди сабзавот парвариш ёфта, сокинон мақсад доранд, ки дар баробари таъмини оилаи худ, инчунин бозори ноҳияро бо маҳсулоти гуногуни барвақтӣ ва тару тоза таъмин намоянд.
Сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол буда, дар татбиқи сиёсати бунёдкорона саҳми муносиб мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб








Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад






