Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе қадами устуворест дар самти ҷалби сармоя барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат. Чунин иброз намуд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Русулзода дар маросими ифтитоҳи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар идомаи суханронӣ Сарвазири Тоҷикистон ёдовар шуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи нассоҷиро яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат арзёбӣ намуда, бо мақсади рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар доираи панҷсолаи рушди соҳаи саноат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар мамлакат корҳои зиёде бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ ба анҷом расонида шуда, даҳҳо корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, ки бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба фаъолият шуруъ намуданд».
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ тадбирҳои муассиро андешидааст. Пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, ки имкони саҳм гузоштан дар рушди соҳаи нассоҷии Тоҷикистонро доранд, аз ҳамин қабиланд.
Баён гардид, ки Тоҷикистон дорои захира ва иқтидори бою мукаммал дар самти рушди соҳаи нассоҷӣ, аз ҷумла иқлими мусоид барои кишти пунбадона, таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва нассоҷӣ мебошад. Алҳол дар мамлакат 30 фоизи нахи пахта то ҳадди ниҳоӣ коркард мешавад ва дар оянда ин омор бо дарназардошти рушди соҳаи энергетика ва таъсиси корхонаҳои бузурги соҳа, инчунин дастрас намудани технология ва дигар таҷҳизоти ҳозирзамон афзоиш меёбад.
Дар нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ ҳайатҳои беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла беш аз 200 коршиносони байналмилалӣ, зиёда аз 50 ширкати истеҳсолӣ ва зиёда аз 100 соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд.
Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Мақсади дигари ин чорабинӣ татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори истеҳсолоти нассоҷӣ ва инноватсия мебошад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир иброз дошт, ки нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии дурнамои саноати нассоҷӣ, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рушди шаклҳоли устувори ҳамкорӣ мегардад.
Инчунин дар форум ба масъалаҳои ҳамгироии саноатӣ, ташкили кластерҳои нассоҷӣ ва тавсеаи шарикии байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон дар доираи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, намоишгоҳи махсуси таҷҳизот, намоиши маҳсулоти саноати сабук, инчунин вохӯриҳои корӣ дар сиғаи В2В ва G2В гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ байни Ассосиатсияҳо ва ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистону Озарбойҷон, Узбекистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди нассоҷӣ ба имзо расонида шуданд. Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ то 10 июл идома меёбад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд
Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад






