Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, инчунин шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон вохӯрии гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлия хабар доданд.
Вазири адлия аз эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ ёдовар шуда, изҳор намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти баланди истифодабарии нерӯи барқ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷае мебошад, ки ба таҳкими давлатдорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Иброз гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандон низ баръало амалӣ карда шаванд.
Ҳамзамон Вазири адлия Музаффар Ашуриён ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқро ба сокинон тавзеҳ дод. Оид ба масъалаҳои амалисозии самараноки сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот мушаххасу пурмуҳтаво пешниҳод гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудаанд.
«Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосири демократӣ аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода бурда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ масъулияти баланд дошта бошанд», — таъкид намуд Зариф Ализода.
Дар вохӯрӣ профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов иброз намуд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр карда шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳис намуда, неруи барқро самараноку қонунӣ истифода бурда, маблағи истифодаи онро сари вақт аз тариқи ғайринақдӣ супорем.
Иштирокдорони чорабинӣ аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ бо дар назар доштани амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳаммияти муҳим касб намудааст.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






