Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 659 тонна асал истеҳсол карда шудааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон 275,6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар мамлакат 674 тонна асал истеҳсол карда шудааст. Дар ин хусус 25 июл дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Соҳаи занбӯрпарварӣ дар мамлакат афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар доираи амалишавии «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» 370 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон 250 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрокворӣ харидорӣ гардида, ба 100 оила занбӯриасалпарварони инфиродии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 150 оила ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки 93 фоизи ҷумҳуриро кӯҳистон ишғол менамояд. Ин, пеш аз ҳама, барои ташкил ва парвариш намудани занбӯри асал шароити мусоид фароҳам меоварад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






