Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнон як қатор иншоот ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Аз ҷумла, дар деҳоти Пашор корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Меваҳои Шуғнон» ба истифода дода шуд. Дар ин корхонаи истеҳсолӣ 7 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Корхона иқтидор дорад то 20 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваро дар як сол коркард ва бастабандӣ намояд. Ашёи хом, яъне мева аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харид шуда, вобаста ба талабот аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ дастрас карда мешавад.
Иншооти нави саноатӣ дорои 3 хатти истеҳсолӣ буда, дар он 3 намуди маҳсулот- хушки зардолу, олуболу ва себ бастабандӣ карда мешавад. Дар ояндаи наздик бо насби хатти нави технологӣ афшураи мева низ ба роҳ монда мешавад.
Феълан зардолу ва олуболу аз ноҳияҳои Ванҷу Рўшон дастрас гардида истодааст, ки ин тадбир метавонад ба истифодаи имкониятҳои дохилӣ мусоидат намояд.
Корхонаи хурди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Биҷандара» дар деҳаи Барчадев бошад сатҳи таъминоти сокинонро бо ҷойҳои иловагии кор беҳтар намуд. Ин корхонаи хурди истеҳсолӣ бо истфода аз ашёи хоми маҳаллӣ, яъне аз меваю сабзавот нӯшоба ва афшура истеҳсол менамояд.
Ҳамзамон дар деҳаи дурдасти Турбати ноҳияи Шуғнон Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4 ба номи «Нури Ватан» мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти тозабунёд дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳа бунёд гардидааст.
Бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нури Ватан» аз ду ошёна ва даҳ ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Тибқи иттилоъи масъулини шуъбаи маориф, қаблан дар ин минтақа муассисаи таҳсилоти томактабӣ вуҷуд надошт ва кӯдакон аз таҳсилоти томактабӣ дур монда буданд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин муассиса 70 нафар фарзандони сокинони чор деҳаи атроф дар шароити мусоид ба таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб мегарданд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ахтарон» дар деҳаи Чарсем низ боиси хурсандии сокинони маҳал гардид, зеро то ин мудат дар деҳа муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намекард.
Иншоот дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, дорои шароити хуби соҳа мебошад.
Дар деҳаи «Ёмҷ»-и Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон бинои нави бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти тиббӣ барои ба меъёр мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти маҳалӣ ва сокинони деҳа бунёд шудааст.
Бунгоҳи саломатӣ пас аз мавриди истифода қарор гирифтан бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шуда, барои деҳаи «Ёмҷ»-и Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, ки зиёда 892 нафар аҳолӣ дар он иқомат доранд, хизмат мерасонад.
Ҳамзамон дар деҳаи «Сипинз»-и Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон низ бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино аз ҷониби Мақомоти маҳаллӣ ва сокинони деҳа тариқи ҳашар бунёд шуда, аз 2 ҳуҷраи муолиҷавӣ иборат буда, барои 50 хоҷагӣ хизматрасонии тиббӣ мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






