Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид

Июль 28, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамо ва тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор зимни мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо намояндаи доимии навтаъйини Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гази Шбайкат дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳузури доимии намояндаи Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон ба тақвияти муколамаи доимӣ ва қабули саривақтии қарорҳои муҳимми сиёсӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина умедворӣ ба ҳамкории самаранок, хусусан дар самти татбиқи ислоҳоти сохторӣ дар доираи барномаҳои муштараки Хазинаи байналмилалии асъор таъкид гардид.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон нақши муҳим ва саривақтии Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI)-ро дар раванди пешбурди ислоҳоти сохторӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ ва боло бурдани шаффофияти молиявӣ махсус таъкид намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ду марҳилаи баррасии ин барномаро муваффақона анҷом додааст, ки натиҷаи дуруст иҷро шудани уҳдадориҳои ҳукумат дар доираи ин барнома мебошад. Ҷониби Тоҷикистон инчунин барои идомаи ислоҳоти фарогир, хусусан дар соҳаҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисод, густариши фарогирии молиявӣ ва энергетикаи устувор изҳори омодагӣ намуд.

Ҳоким Холиқзода бо таъкиди иштироки фаъоли Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти иқлимӣ ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зистро масъалаи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи Хазинаи байналмилалии асъор ба масъалаҳои иқлим баҳои баланд дода, зарурати истифодаи воситаҳои мавҷудаи молиявиро ба хотири пуштибонии ташаббусҳои «сабз»и Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 28, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст