Дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд

Июль 30, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории минбаъда байни кишварҳо бо мақсади таҳкими дӯстии анъанавии Тоҷикистону Эрон, ки дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобил рушд меёбанд, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд