Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор мегардад

Июль 22, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Муғулистон доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин ҳамоиши муҳими иқтисодӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш имконоти сармоягузории ду давлат  тавассути видеороликҳо муаррифӣ мегардад. Қисмати муҳими форум ба баргузории вохӯриҳои мустақими соҳибкорон (B2B) бахшида мешавад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди тақвияти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Муғулистон мулоқот намуд
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар соҳаи кишоварзӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Саҳми Хазинаи байналмилалии асъор дар татбиқи ислоҳот ва рушди бахши молиявии Тоҷикистон муҳим аст
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи энергетика тақвият медиҳанд
Дар Душанбе нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
Коргузории электронӣ-ҷузъи муҳими низоми муосири идоракунӣ. Бардошт аз машғулияти омӯзишӣ дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Тавассути роҳи оҳан беш аз 628 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Интиқоли 70 фоизи борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» соли 2025 парвозҳои маҳаллиро тақвият дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар татбиқ мегардад
«Тоҷикаэронавигатсия» ба зиёда аз 26 ҳазор техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст