Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?

Июль 3, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 3 июл дар мамлакат ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ  дар назар аст. Ҳаво аз 34 то 47 дараҷа гарм мешавад. Дар ин рӯзҳо нурҳои ултрабунафш баланд мешаванд, ки ба саломатии инсонҳо таъсири манфӣ дорад. Ин тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳаво боиси авҷи бемориҳо,  аз ҷумла бемориҳои камхунӣ, сактаи дил, дарди гулӯ, бемориҳои пӯст, гурда, меъдаву рӯда ва офтобзадагӣ мегардад. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Тавре муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар робита ба таъсири ҳарорати баланд ба саломатӣ инсонҳо ва авҷи бемориҳои маъмулии фасли тобистон гуфт: «мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсони дорои бемориҳои музмин таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Ҳарорати баланди ҳаво сабаби хушкии бадан ва офтобзадагӣ шуда, ҳолати беморони бемориҳои дилу рагҳои хунгардро  низ бадтар мекунад”.

— Саломатии инсон то андозае аз обу ҳаво вобастагӣ дорад. Барои пешгирӣ аз таъсири ҳавои баланд  ба саломатии инсонҳо пайваста тавсияҳо пешниҳод мегардад. Агар инсонҳо дар ин рӯзҳо бесабаб аз хона набарояд, нӯшидани оби на сарду на гарм, бо тариқи ҳавополонҳо ҳуҷраҳои хона ва кориро дар як ҳарорат нигоҳ доранд, аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин, қаҳва ва спиртдор худдорӣ  намоянд ин ва дигар тавсияҳоро амалӣ намояд, бемор намешаванд”,-таъкид кард Наврӯз Ҷаъфаров.

Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки  рӯзона зери гармои офтоб анҷоми корҳои ҷисмонӣ тавсия дода намешавад. Дар рӯзҳои гармои шадид пӯшидани либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда зарур аст. Ҳангоми ба кӯча баромадан кулоҳи калон ва айнаки офтобиро низ бояд истифода шавад.

Офтобзадагӣ ё гармозадагӣ

Яке аз бемориҳои маъмули аз таъсири нурҳои ултробунафш ба амал меояд, ин офтобзадагӣ мебошад. Офтобзадагӣ махсусан барои кӯдакони хурдсол, мӯйсафедон, одамони фарбеҳ ва шахсоне, ки бемориҳои кӯҳнашуда доранд, хатарнок мебошад. Нишонаҳои аввалини офтобзадагӣ дарди сар, беҳолию бемадорӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, табларзад, дилбеҳузурию қайъкунист.

Мутахассисон ин бемориро ба ду гурӯҳ ҷудо намудаанд. Якум, аз гармии Офтоб ва дуввум аз дигар гармиҳо, ки гармозадагӣ ва офтобзадагӣ мегӯянд.

Офтобзадагӣ беморие мебошад, ки аз таъсири зиёди нурҳои ултрабунафш ба вуқӯъ мепайвандад. Намуди дигарро гармозадагӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ба амал меояд. Яъне, дар ин маврид таъсири бевоситаи нурҳои ултрабунафш дида намешавад. Танҳо ҳарорати бадани одам баланд мегардад.

Бемориҳои дилу рагҳои хунгард

Дар ҳарорати баланд тапиши дил зиёд шуда, фишори хун баланд мешавад. Инчунин организм дар ҳавои баланд бе об мешавад. Дар ин ҳолат хун ғафс гашта,  гардиши он мушкил мешавад. Ин ҳолат боиси беҳушшавӣ, сактаи дил ва фалаҷ гашта метавонад.

Ба гуфти табибон, баланд шудани ҳарорати ҳаво хатари хурӯҷ намудани бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди онро чандин маротиба меафзояд. Аз ин рӯ, чунин нафарон дар айни гармииҳаво  -аз соати 11 то 16 беҳуда аз хона набароянд ва дар зери нурҳои сӯзони Офтоб гаштугузор накунанд. Инчунин дар ҳавои гарм зиёд кор ва ҳаракати ҷисмонӣ кардан тавсия дода намешавад. Аз истеъмоли хӯрокҳои серравған худдорӣ намуда, бештар об ва шарбатҳои мевагӣ нӯшидан муфид аст.

Бештари инсонҳо дар ҳавои гарм дар оби сард оббозӣ мекунанд. Нафароне, ки ба бемори дилу раг гирифторанд,  дар вақти оббозӣ эҳтиёт намоянд, зеро оби сард рагҳои хунгардро танг месозад.

Бемори дарунравӣ

Бо фарорасии фасли тобистон бемории мавсимии дарунравӣ (диарея) меафзояд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки синнашон то 5 — сола аз дарунравӣ мефавтанд.

Дар ҷумҳурии мо низ дар ин фасл байни калонсолон ва хӯрдсолон афзоиши гирифторӣ ба бемории дарунравӣ ба мушоҳида мерасад.

Омили асосии дарунравӣ ин микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст мебошад.

Бояд хотиррасон намуд, ки истеъмоли ғизо ҷисми моро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин мекунад. Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот низ метавонад сабабгори пайдо шудани дарунравӣ гардад.

Беморҳои пӯст

Таъсири дурударози нурҳои ултрабунафши Офтоб сабабгори бармаҳал пир шудани пӯсти рӯй мегардад. Намнокии пӯст кам шуда, дар натиҷа пӯст тароваташро гум мекунад. Аз ҳамин сабаб баъди дурудароз дар зери нурҳои Офтоб қарор доштан дар рӯй ожанг пайдо мешавад.

Бештар дар зери офтоб қарор доштан боиси сӯхтани пӯст ва пайдоиши доғҳои пигментӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, мутахассисон дар айни гармии ҳаво, аз соати 11 то 16 дар берун истоданро тавсия намедиҳанд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд