Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»

ДУШАНБЕ, 13.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунармандии занон, таъсиси ҷойҳои нави кор, ҷалби бештари занону ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ тавассути ҷудо намудани грантҳои президентӣ ва қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, ташкили даврҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи соҳибкорзанон тадбирҳои муассир меандешад.
Таъсиси грантҳои президентӣ барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорию ҳунармандии занону духтарон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ равона гардидааст.
Яке аз гирандагони гранти президентӣ аз Ҷамоати деҳоти Нушори деҳаи Сари пули ноҳия Тоҷикобод дар соли 2024 Хайринисо Идрисова мебошад. Ин зани ҳунарманд ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ дар самти ҳунармандӣ соҳиби гранти президентӣ гардид. Ӯ барои рушди ҳунармандиаш бо ин маблағ мошинаи дарздӯзӣ харид намуда, занони хонанишин ва ҷавондухтарони деҳаро ба касбомӯзӣ ҷалб намудааст.
«Аслан ман дар хона ба дӯзандагӣ машғул ҳастам. Дар айни замон чор нафар зани хонашинро бо ҷойи кор таъмин намуда, ба беш аз 10 ҷавондухтари деҳа касби дӯзандагиро меомӯзонам. Нақша дорам дар оянда дар замини наздиҳавлигиям ду-се ҳуҷари алоҳида барои фаъолияти дӯзандагиям бунёд созам»,-мегӯяд Хайринисо Идрисова.
Ӯ бо дастони пурҳунараш ба гулдӯзӣ, куртадӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва курпадӯзӣ машғул аст. «Аввалин гулҳои дастдӯзро дар матоъ аз модарам омӯхтам. Ёд дорам, ки чӣ гуна модарам дастамро гирифта, нақш медӯхтам. Имрӯз бо шарофати модарам, соҳиби ҳунар гаштаму каме ҳам бошад дар пешрафти сатҳи зиндагии оилавӣ саҳмгузор ҳастам»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Гулдӯзиҳои зебои ин зани ҳунарманд, ки бо тарҳҳои суннатии тоҷикӣ оро ёфтаанд, имрӯз дар ноҳия ва берун аз он шуҳрат пайдо кардааст. Ҳар як куртаи гулдӯзишуда, курпачаҳои порадӯзикардаи ӯ на танҳо либос ва ҷиҳози лозимаи рӯзгор мебошад, балки як қиссаи фарҳангу таърихи миллат тоҷик аст.
Ҳунари дастии Хайринисо Идрисова пайваста дар намоишгоҳҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ба воситаи ин намоишгоҳҳо ӯ шарикони тиҷоратӣ пайдо намуда, ҳунари худро рушд медиҳад.
«Ҳарчанд имрӯз техника ва техналогияи муосир дар ҳама соҳаҳо корро осон карда бошад ҳам, аз ҷумла дар самти ҳунармандӣ, аммо мо кӯртаҳои чаканро бо даст медӯзем. Фикр мекунам, зебогии гулҳои чакан дар матоъ бо даст дӯхтан зебогии махсус дорад»,-андеша дорад ин ҳунарманд.
Ҳунар танҳо воситаи даромад нест, он як роҳи зинда нигоҳ доштани урфу одатҳои миллӣ ва таъмини мустақилияти иқтисодии занон аст. Аз ин рӯ, Хайринисо мехоҳад занону духтарони деҳаро дар самти пешбурди фаъолияти ҳунармандияшон дастгирӣ намояд, то маҳсули дасти онҳо дар бозори минтақа ва ҷаҳон харидори худро пайдо намояд.
Ҳамсуҳбати ҳунарманди мо гуфт, ки ҳар як гуле, ки бо ангуштон пурҳунараш медӯзад забони хоси худро дорад. Яъне ӯ бо гулҳои суннатӣ чун «гулдӯзии бадахшонӣ», «гулдӯзиҳои хатлонӣ» ва услубҳои маҳаллии дигари тоҷикӣ куртаҳо, болишту курпачаҳоро оро медиҳад.
Яке аз паҳлӯҳои дигари ҳунари Хайриниссо қуроқдӯзӣ мебошад. Ӯ аз пораҳои гуногуни матоъ, ки аксар занҳо шояд онҳоро нолозим донанд, гилемҳо, болиштҳо ва кӯрпаҳои рангоранг медӯзад.
Бояд гуфт, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамин аст, ки ҳамасола барои занони ҳунарманд, соҳибкор ва пеш аз ҳама, ниёзманд грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ тиҷорати худро пеш баранд.
Ёдовар мешавем, ки маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод. Инак соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад.
Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»