Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад

Июль 18, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд, ки масъалаи дар зеҳну шуури шаҳрвандон, хусусан ҷавонон тарбия кардани идеяҳои сулҳу ваҳдати миллӣ бояд минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб ва сохторҳои маҳаллии он қарор дошта бошад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат низ нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз мушкилоти замони нав ва шиддати бесобиқа пайдо кардани равандҳои номатлуби сиёсиву низомӣ дар сайёра — мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ин ҳолат аз ҳар яки мо барои ҳалли масъалаҳои пешомада масъулият ва муносибати ҷиддӣ талаб менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад