Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд

Июль 16, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интернети мобилӣ босуръат рушд менамояд. Ҳамин тариқ, танҳо дар моҳҳои аввали соли 2025 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» зиёда аз 100 пойгоҳи нави базавии стандарти «суръатнок»-и 4G/LTE-ро насб намуд. Ба туфайли ин, дар тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ хизматрасониҳои муносиби рақамӣ ва дилхоҳ манбаъҳои интернетӣ дастрас мегарданд. Истифодаи кадом намуди шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро сокинони Тоҷикистон афзалтар меҳисобанд?

Тибқи омори ширкати «МегаФон Тоҷикистон», пешсафон аз рӯи истифодаи трафик YouTube ва Instagram ба ҳисоб мераванд — ба ҳиссаи онҳо 28 фоизи тамоми трафики истифодашаванда аз ҷониби муштариёни оператор рост меояд. Дар ҷойи сеюм бо 8 фоиз Facebook қарор дорад.

Дар байни истифодабарандагони фаъолтарин — ҷавонони 18-24 сола қарор доранд. Ба ин гурӯҳи синнусолӣ 31 фоиз тамоми муштариёне, ки ба Instagram ва 30 фоиз истифодабарандагоне, ки ба Telegram ворид мегарданд, дохил мешаванд. Дар ҷойи сеюм байни ҷавонон IMO бо 17 фоиз қарор дорад.

Истифодабарандагони 25-34 сола бештар ба WhatsApp афзалият медиҳанд – 32 фоизи ҳамаи истифодабарандагон ба ин гурӯҳи синнусолӣ мансубанд. Баъдан Instagram (30 фоиз) ва Telegram (28 фоиз) ҷойгир шудаанд.

Дар байни муштариёни 35-49-сола сегонаи пешсафон чунин аст: Facebook (39 фоиз), «Одноклассники» (33 фоиз) ва IMO (30 фоиз). Ҷолиб он аст, ки ҳамагӣ се сол пеш Facebook ва Instagram дар байни ҳамаи гурӯҳҳои синнусолии муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» манбаъҳои писандидатарин буданд.

Насли калонсол низ имкони муошират дар паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро аз даст намедиҳад. Аммо дар ин ҷо натиҷа нисбатан намоёнтар аст: байни муштариёни 50-сола ва аз он боло «Одноклассники» пешсаф аст (35 фоизи ҳамаи истифодабарандагони ин синну сол). Дар ҷойи дуюм IMO бо 27 фоиз қарор дошта, мақоми сеюмро дар сегонаи пешсафон Facebook бо 18 фоиз аз ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол менамояд.

Интернети мобилӣ ҳатто дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон боз ҳам бештар дастрас мегардад. Тарофаҳо бо ҳаҷми зиёди трафик ба муштариёни оператор имкон медиҳанд, ки аз тамоми манбаъҳои зарурии интернетӣ, новобаста аз синну сол фаъолона истифода баранд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июль 16, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст