Корхонаҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 214,7 миллион сомонӣ маҳсулот содирот намудаанд
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Хуҷанд ба мабалғи 922,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Аз ин шумора ба маблағи 214,7 миллион сомонӣ ба давлатҳои хориҷии дуру наздик маҳсулот содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд аст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз ҷониби 126 корхонаи хурду калон ба маблағи 490,9 миллион сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 82,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
«Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби беш аз 20,0 миллион сомонӣ сармоя дар шаҳр 23 корхонаи нави истеҳсолии хурд таъсис дода шуд. Ин сабаби зиёд шудани ҷойи кори иловагӣ ва иқтидори истеҳсолии соҳаи саноат гардидааст», — гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ.
Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда саҳми устувор мегузорад.
Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, таъмини рушди он вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Татбиқ гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз мамлакати аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриалию аграрӣ табдил дода шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд






