Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад

Июль 17, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Созмони байналмилалии Benchmark International гузориши нави худро таҳти унвони «Global Transportation & Logistics Industry report» аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 дар бораи пешгӯиҳои рушди бозори ҷаҳонии боркашонӣ ва логистика нашр намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи гузориши ин созмон, то соли 2026 бозори боркашонӣ ва логистика бояд ба андозаи 18,69 миллиард доллари амрикоӣ бо суръати солонаи 4,4 фоиз афзоиш ёбад. Дар айни замон минтақаи босуръат рушдёбанда дар давраи аз соли 2024 то 2027 Амрикои Шимолӣ арзёбӣ шудааст.

Дар гузориш пешгӯиҳо оид ба рушди бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои нақлиётӣ оварда шудаанд. Тибқи натиҷаҳои соли 2024, андозаи рушд 8,54 триллион долларро ташкил дод. Интизор меравад, ки ин нишондиҳанда то соли 2034 ба 18,63 триллион доллар мерасад ва суръати афзоиш дар давраи аз соли 2024 то 2034 ҳудуди 8,11 фоизро ташкил медиҳад.

Логистика, ки доираи васеи амалиёт, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идоракунӣ, ҳамлу нақл, машварат, бастабандӣ ва хизматрасониҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, бо шарофати равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати бозор муҳаррики асосии пешбарандаи иқтисодиёт дар тамоми қисматҳои ҷаҳон мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо аз минбарҳои гуногун борҳо иброз намудаанд, ки логистикаи муассир истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон, интиқолдиҳандагон (дистрибюторҳо) ва истеъмолкунандагони ниҳоиро бо ҳам мепайвандад, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди соҳаҳои ба ҳам вобастаро таъмин месозад.

Аз ҷумла, дар иҷлосияи 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки 23-27 майи соли 2022 дар Бангкок (Тайиланд) баргузор гардид, Президенти Тоҷикистон аҳамияти таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии марбут ба нақлиёт, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин низоми зеҳнии нақлиётро дар доираи ЭСКАТО таъкид намуданд.

Тоҷикистон ба таҳкими пайвастаи ҳамкории дуҷониба бо ҳар аъзои Итиҳоди иқтисодии Авруосиё дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн манфиатдор аст. Ҳамзамон ҷонибҳо бояд якчанд масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикиро ҳал кунанд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути алоқаи видеоӣ дар ҷаласаи Шурои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ки 25 майи соли 2023 дар Қасри Кремл дар Москва баргузор шуд, изҳор доштанд.

«Ин, пеш аз ҳама, иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни давлатҳои мо аст. Инчунин ба коммуникатсияҳои нави автомобилӣ ва роҳи оҳан, аз ҷумла ҳайати ҳаракаткунанда барои ҳамлу нақл дар шароити номувозинати ҳаҷми ҷараёни бор ниёз вуҷуд дорад. Дар шароити озодсозии тиҷорат ва рафъи монеаҳо дар роҳи ҳаракати молҳо талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла суръат, эътимоднокӣ ва сифати нақлиёт низ меафзояд», — гуфтанд Сарвари давлат ва пешниҳод намуданд, ки механизмҳои содагардонии интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, аз ҷумла тавассути таъсиси марказҳои логистикӣ дар қаламрави мамлакати мо таҳия ва татбиқ карда шаванд.

Дар мулоқоти 5-уми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешниҳоди таҳияи Консепсияи ҳамгироии шабакаҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ҳадди аксар аз рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ мебошад.

«Давлатҳои Осиёи Марказиро мебояд барои бунёди инфрасохтори ягонаи нақлиётӣ талош намоянд. Роҳбарони давлатҳои ин минтақа бояд аз тамоми имконият дар самти иқтисодӣ истифода баранд», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суханронӣ дар саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ (Тошканд, 8-9 ноябри соли 2023) Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «ҳарчи зудтар мавриди истифода қарор додан ва истифодаи самараноки долони нақлиётии мултимодалии «Чин — Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» метавонад ба афзоиши ҳамлу нақли бор байни мамлакатҳоямон такони иловагӣ бахшад».

Бо назардошти ин манофеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон супориш доданд, ки барои татбиқи босифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалисозии саривақтии сохтмон ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, ташаккули долонҳои транзитӣ ва нақлиётӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикону нозирон пешниҳод намуданд, ки ба Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 12 сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расида буд, ҳамроҳ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 6 майи соли 2011 дар сохтори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» таъсис дода шуд. 28 октябри соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028» тасдиқ гардид.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад