Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд

Июль 4, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Ювентуси шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи ниҳоии Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа бо ташаббусии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 36 даста аз ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатии ҷумҳурӣ аз 3 апрел оғоз гардида, дар он давоми се моҳ дастаҳо байни ҳам рақобатҳои хуби варзиширо нишон доданд.

Дар он дастаи футболи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, дастаи футболи Бонки миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва дастаи футболи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Ҷалб намудани аҳолии мамлакат, хоса ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба шумор рафта, таваҷҷуҳ ба мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи ин соҳа байни қишрҳои ҷомеа торафт меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин мусобиқа аз намуди шашкаву шоҳмот 42 даста аз ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтаринҳо дар ду гурӯҳ байни занон ва мардон муайян ва қадршиносӣ гардонида шуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ,  пеш аз ҳама таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат миёни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо маҳсуб меёбад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 4, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд