Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 августи соли равон тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсади намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ байни меъморон, лоиҳакашон ва ҳайатҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир, мустаҳкам кардани аҳамияти иҷтимоии ихтисосҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ва баланд бардоштани сифати муҳити фаъолияти ҳаётӣ ба ҳисоб меравад.
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияҳои зерин: лоиҳаи беҳтарини истиқоматии бисёрошёна; биноҳо ва маҷмааҳои иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ (биноҳои таълимӣ, биноҳои табобатию истироҳатӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ, паркҳои технологӣ) ва асари меъмории донишҷӯён (барои донишҷӯён ва коллективи эҷодӣ) гузаронида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






