Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд

Июль 9, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзӯӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ,  ки таҳти унвони «Об ва офатҳои табиӣ барои ҳамкорӣ ва шарикӣ» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд,  Ҷонибек Ҳикмат зимни иштирок дар панели сатҳи баланд таҳти унвони «Аз Конфронси оби СММ 2023 то Конфронси оби СММ 2026» ба зарурати фаврии ҳамкорӣ ва иродаи сиёсӣ дар самти рафъи хатарҳои афзояндаи вобаста ба об, бахусус дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир ва дорои пиряхҳо таъкид кард.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо инобати пешсафии Тоҷикистон дар ин соҳа тавассути Раванди оби Душанбе ва Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба уҳдадориҳои мамлакати мо дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об дар пешорӯи Конфронси обии СММ дар соли 2026, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Сенегал ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ишора кард.

Намояндаи доимӣ ба аҳамияти шарикии қавитар, ҳамоҳангсозии беҳтари фаромарзӣ ва дастгирии бештар аз кишварҳое, ки бо мушкилоти иқлим ва об рӯбарӯ ҳастанд, таъкид намуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 9, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид