Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад

Июль 1, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 7 июл дар мамлакат ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ ва омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво аз 34 то 47 дарҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 3 то 7 июл дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби ворид шудани анбӯҳи ҳавои ниҳоят гарм ва хушк аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ шиддат гирифтани гармии ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво 42+47 дараҷа гарм, минтақаҳои водибудаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39+44 дараҷа гарм, водиҳои вилояти Суғд 38+43 дараҷа гарм, ноҳияҳои доманакӯҳӣ 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 34+39 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.

Бо сабаби гармшавии тӯлонӣ ва зиёд шудани обшавии қабати барф ва пиряхҳо дар минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омадани селҳои пиряхӣ зиёд мегардад. Селҳои пиряхӣ метавонад боиси баландшавии сатҳи об дар дарёҳои кӯҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд гардад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки бахусус дар ноҳияҳои осебпазири кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.

Табибон ба сокинони мамлакат дар чунин рӯзҳо тавсия медиҳанд, ки бояд либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда пӯшанд. Модарон бояд ҳангоми дарунравӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдакон об ва нӯшокиҳои зиёд нӯшонанд. Зеро дар ҳолати беморӣ, ҳангоми қайкунӣ ё дарунравӣ кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, ки ин метавонад боиси камобшавии организм гардад.

Давоми чанд соли охир бо тағйирёбии иқлим мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба саломатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз зери таъсири бевоситаи гармии Офтоб худро дур нигоҳ доред, дар хона вақти худро бештар дар ҳуҷраи салқин гузаронед. Агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, бояд ҳарчи зудтар ба корманди тиббии маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд
Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Конибодом тақдим карда шуд
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд