Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл ҳаракати ҳама гуна нақлиёти автомобилӣ аз соати 07:00 то соати 09:00 тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмад Дониш, Садриддин Айнӣ ва Рӯдакӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Инчунин давоми ҳамин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои С.Носиров, Карамов ва Н.Ганҷавӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд. Ҳамзамон аз таваққуфи бемаврид дар ин кӯчаҳо худдорӣ намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»






