«ПОМИРИНВЕСТ-2025». Барои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории шаҳри Хоруғ 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 июл дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест – 2025» доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи форум байни роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва 17 нафар соҳибкорону сармоягузорон ба маблағи 352 миллион сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ барои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории шаҳри Хоруғ ба имзо расонида шуд.
Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест–2025» бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва рушди иқтидори истеҳсолии минтақа баргузор гардид. Дар он имконоти сармоягузорӣ, шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтидори табиии Бадахшон муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи форум ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тамошо намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва саноатӣ муаррифӣ карда шуданд.
Дар форуми имсолаи сармоягузории «Помиринвест-2025» дар маҷмуъ 46 тафоҳумнома ба маблағи 655 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






