Раванди тақвияти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тақвияти раванди гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба интернети баландсуръат дар тамоми ҳудуди мамлакат, аз ҷумла минтақаҳои дурдаст дар мулоқоти роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати байналмилалии «Starlink», ки ба гурӯҳи «SpaceX» мансуб аст, баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти Агентӣ ҳайати «Starlink»-ро бо ваколат, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолият, аз ҷумла таҳияи сиёсати миллии рақамӣ, татбиқи навовариҳо, рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъмини фарогирии рақамӣ шинос намуд.
Таваҷҷуҳи хос ба имконоти ҳамкории оянда дар доираи ташаббусҳои васеъ намудани фарогирии шабакаҳои моҳвораӣ ва таъмини дастрасӣ ба интернет дар минтақаҳое, ки алоқаи анъанавӣ номумкин ё маҳдуд аст, зоҳир гардид.
Дар доираи вохӯрӣ намояндагони «Starlink» инчунин бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ»-и назди Агентӣ шинос шуданд.
Дар ин раванд ба меҳмонон лоиҳаҳои муҳими ширкат, аз ҷумла таҳияи платформаҳои рақамӣ, замимаҳои мобилӣ ва ташаббусҳо дар соҳаи амнияти киберӣ муаррифӣ карда шуданд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






