Саҳми Хазинаи байналмилалии асъор дар татбиқи ислоҳот ва рушди бахши молиявии Тоҷикистон муҳим аст

Июль 24, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Хазинаи байналмилалии асъор ҳамчун шарики стратегии мамлакат дар мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ баҳои баланд медиҳад.  Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни мулоқот бо намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гази Шбакайт, ки нав ба ин вазифа таъйин гардидааст,  иброз намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Фирдавс Толибзода аз ҳамкории судманди Хазинаи байналмилалии асъор ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар идома ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои оморӣ ва тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) ҳамчун воситаи муҳими пешбурди ислоҳоти сохторӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 сол аст, ки  дар татбиқи ислоҳот, таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва рушди бахши молиявӣ ҳамаҷониба кумак мерасонад. Барномаҳои муштарак ва машваратҳо бо коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор имкон доданд, ки дар шароити душвор ҳам устувории иқтисодӣ нигоҳ дошта шавад.

Бо назардошти ин ҷонибҳо изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ тақвият хоҳад ёфт.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 24, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст