Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар ин самт нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро муҳим медонанд.
Роҳандозии парвозҳои иловагӣ байни пойтахтҳо ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёдшавии ҳаҷми савдои хориҷӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар маҷмуъ ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба таҳким ва густариши робитаҳои судбахш таъкид намуданд.










Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд






