Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд.
Файзиддин Қаҳҳорзода аз саҳми арзандаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар рушди инфрасохтор, бахусус дар сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, имконияти сармоягузории кишварро дар бахшҳои энергетика, молия, кишоварзӣ, нақлиёт, саноати сабук ва сайёҳӣ муаррифӣ намуд. Дар ин замина, ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб барои сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо даъват гардид.
Вазири молия ҳамчунин аҳамияти стратегӣ ва миллии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро тазаккур дода, аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб даъват намуд, ки дар доираи Фонди Абу Забӣ оид ба рушд (ADFD) барои тезонидани раванди гузаронидани расмиёти Фонд ҷиҳати ҷудо намудани маблағгузорӣ ба ин лоиҳаи бузурги энергетикӣ мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар заминаи шарикии эътимодбахш таъкид намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз 1 миллион гектар ҷангал бунёд карда шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳҳои татбиқи механизми муосири гармидиҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2026 анҷом меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонӣ дар Дубай иштирок дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад






