10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид

Август 10, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурӣ 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, бо дастгирию талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаву варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯз аз рӯз дар ҷомеаи имрӯза мавқеи басе муҳиму созгор пайдо менамояд. Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон давлату Ҳукумати мамлакат беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзишро бунёд намуданд.

Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифи давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро ҳамчун самти муҳими давлатдорӣ дастгирӣ менамоем».

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифта, барои рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузоштанд. Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шуд. Бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, давоми соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, давоми шашмоҳаи якуми соли 2025 289 нафар варзишгарон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 72 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ дар хориҷи мамлакат иштирок намуда, дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 74 нуқра ва 97 биринҷӣ ворид намуданд.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5312 чорабинии варзишии касбӣ бо фарогирии 168 ҳазору 643 варзишгар баргузор карда шуд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз лиҳози чорабинӣ 102 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 68 942 нафар зиёд мебошад.

Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба 70 соли замони пеш аз истиқлол теъдоди иншооти соҳаи варзиш дар мамлакат беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст.

Танҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон бо мақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар айни замон 4181 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла 40 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3226 майдончаи варзишӣ, 583 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 11 Маҷмааи варзишӣ ва 241 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд. Маҳз шароити мусоид буд, ки варзишгарони вилоят дар 6 моҳи аввали соли 2025 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Онҳо дар 79 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ба гирифтани 424 медали тилло, 456 медали нуқра, 556 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1436 медал ноил гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 118 медал зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар вилояти Суғд варзишгарони вилоят дар шаш моҳи соли равон ба гирифтани 451 медали тилло, 442 медали нуқра ва 629 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Ин ҳама натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш аст.

Бояд ба хотир дошт, ки варзиш – қосиди сулҳ аст, варзиш дӯстӣ, бародарӣ ҳаст, солимии ҷомеа ва аз ҳама муҳим, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, омили ташаккулдиҳандаи нерую тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Шахсони солиму тавоно, ҷавонони соҳибмаърифат, аз лиҳози ҷисмониву руҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, меҳнатдӯст, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқи неку шоиста барои ҳар давлати ҷаҳон муҳиму зарурӣ ба шумор мераванд. Зеро ояндаи ҳар миллату давлат аз ин насли ҷавону умедбахш вобаста аст. Ҳукумати мамлакат ин нуктаро ба инобат гирифта, варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони мамлакат бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солим пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 10, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 238 медал ба даст оварданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд
Паҳлавонони тоҷик «Ulaanbaatar Grand Slam-2025»-ро бо як медали нуқра ҷамбаст намуданд
Марҳилаи якуми даврҳои омӯзишӣ оид ба барномаи литсензияи «B» идома дорад
Имрӯз мусобиқаи байналмилалии «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо оғоз меёбад
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ 2 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд