Ҳаҷми қарзҳои дар шашмоҳаи якуми соли 2025 додашуда 13,7 миллиард сомониро ташкил дод

Август 1, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани ҳаҷми қарзҳои дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар мамлакат додашуда иттилоъ дод.

Раиси Бокни миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни натиҷагирии фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар шашмоҳаи якуми соли 2025 маблағи 13,7 миллиард сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 3,1 миллиард сомонӣ ё 28,9 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолӣ 49,8 фоиз, савдои хориҷӣ 15,1 фоиз, кишоварзӣ
12,6 фоиз, саноат 9,3 фоиз, хизматрасонӣ 6,4 фоиз, сохтмон 3,6 фоиз ва дигар соҳаҳо 3,2 фоиз рост меояд.

Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 27,7 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи
3,8 миллиард сомониро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 10,2 милллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 29,0 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли равон бо пули миллӣ 22,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,8 фоизро ташкил дод.

Таъкид гардид, ки маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойи нави кор ба шумор меравад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд