Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Чин ҳамкориро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо декани факултети мубодилаи байналмилалии фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ден Син мулоқот намуд, ки зимни он густариши ҳамкорӣ баррасӣ карда шуд.
Қобилҷон Хушвахтзода вобаста ба ҳамкории самарабахши олимони тоҷик бо ҳамтоёни чинӣ маълумот дода, доир ба нақши муҳими Маркази омӯзиши забонии чинии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории судманд байни ду ҷумҳурӣ, ки яке аз асосгузоронаш профессор Ден Син мебошад, сухан гуфт.
Ден Син вобаста ба кушодани маркази такмили ихтисоси омӯзгорони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгории Шинҷон ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар баробари омода намудани омӯзгорон, такмили ихтисоси олимону муҳаққиқон таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар мулоқот оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон, ки моҳи июли соли 2024 дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд, сухан рафт.
Ҳамсуҳбатон ба мувофиқа расиданд, ки 20 номгӯй китобҳои классикону олимон ва сиёсатмадорони Тоҷикистон ва Чин интихоб карда шавад. Ҳамзамон гурӯҳи корӣ иборат аз тарҷумонон ва мушовирон таъсис дода шуда, рӯзҳои наздик ҷаласаи кори онлайнӣ баргузор карда шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






