Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд

Август 1, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 август дар Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази ташхисию табобатии «Чину тоҷик» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони чинӣ кӯдакону наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд. Инчунин даҳ нафар кӯдакону наврасони то 18-сола, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Директори Маркази ташхисию табобатии «Чину тоҷик» Ян Хуэй иброз дошт, ки ҳадаф аз ин иқдом табодули таҷриба ва пешгирии зиёдшавии бемориҳои нуқсони модарзодии дил дар байни кӯдакону наврасон мебошад.

Иброз гардид, ки аз байни ин беморон кӯдакону наврасони оилаҳое, ки имконияти гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дилро надоранд, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷалби мутахассисони Тоҷикистон ва Чин ҷарроҳӣ карда мешаванд.

«Мо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаем, ки ҳамасола ин иқдомро баргузор намоем. Зеро сол то сол дар ҷаҳон шумораи кӯдаконе, ки бо бемории нуқсони модарзодии дил таваллуд мешаванд, меафзояд»,- гуфт Ян Хуэй.

Бемории модарзодии дил яке аз навъҳои бемориҳои ҷиддии системаи дилу рагҳо ба шумор меравад, ки ҳангоми ташаккули ҷанин дар батни модар ба вуҷуд меояд. Мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки ташхис ва табобати саривақтии ин навъи беморӣ метавонад ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таъсири мусбат расонад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки «бемории модарзодии дил метавонад дар ҳафтаҳои аввалини ҳомиладорӣ пайдо шавад ва сабаби он омилҳои гуногуни генетикӣ ва муҳити зист бошанд. Бо истифода аз усулҳои муосир, аз қабили эхокардиография, ва терапияи фарогир табобати чунин бемориҳо дар марҳилаи аввал ба натиҷаҳои мусбат ноил мегардад. Бояд кӯдаконе, ки нишонаҳои эҳтимолии нуқсонҳои дил доранд, ҳатман дар се моҳи аввал пас аз таваллуд аз ташхиси эхокардиографӣ гузаронида шаванд».

Нишонаҳои асосии бемории модарзодии дил- ин кабудшавии лабҳо ва ангуштон, хастагӣ ва душвории нафаскашӣ, фаъолияти номуътадили дил, мушкилӣ ҳангоми ширмакӣ ё гиря, камшавии вазн ва нашъунамои ноқис мебошад.

Ба иттилои мутахассисон, вобаста ба дараҷаи беморӣ муолиҷа метавонад ҷарроҳии дил, табобати доругӣ ва назорати доимии мутахассисро дар бар гирад.

Ҳамзамон онҳо таъкид менамоянд, ки барои пешгирии ин навъи беморӣ модарон бояд дар марҳилаи пеш аз ҳомиладорӣ ва давраи он аз муоинаи тиббӣ гузашта, тарзи ҳаёти солимро риоя намоянд.

Бо назардошти аҳамияти масъала дар мамлакат ҳамасола бо иштироки мутахассисони ватанию хориҷӣ барномаҳои ташхисӣ ва ёрирасон гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад