Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 113 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст

Август 3, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба  маблағи зиёда аз 113 миллиону 515 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад, дар ин давра корхонаҳои саноатӣ дар шакли асл 181 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 233,6 тонна маҳсулоти ширӣ,  5,7 тонна равғани растанӣ, 49 800 тонна семент, 872,5 метри мураббаъ маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 1 миллиону 615,8 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ  истеҳсол намудаанд.

Ҳамзамон дар ин муддат дар ноҳия гардиши савдои чакана, яклухт ва таъмири автомобилҳо дар ҳамаи соҳаҳои савдо 212,4 миллион  сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 12,8 миллион сомонӣ зиёд буда,  102,9 фоизро дар бар мегирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд