Дар ноҳияи Ашт муассисаҳои томактабӣ навсозӣ карда мешаванд

Август 13, 2025 16:30

СУҒД, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ташаббускор ва соҳибкорони деҳаи Бахмали Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт иқдом гирифтаанд, ки бинои дуошёнаи муассисаи томактабии солҳои пеш аз фаъолиятмондаи деҳаро таъмиру тармим ва навсозӣ намуда, мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт хабар доданд.

Зимни мулоқот бо сокинони деҳа Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода барои ободонию бунёдкорӣ ва сарҷамъию ташаббусҳои фаъолона ба мардуми деҳаи Бахмали Ҷамоати деҳоти Меҳробод миннатдорӣ баён карда, дастгирии доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро иброз намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо сарҷамъии мардум дар муҳлати кӯтоҳ бинои муассиса таъмиру тармим ва навсозӣ карда мешавад.

Барои татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати бунёди муассисаҳои томактабӣ, ки ҳадаф аз он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат ва таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад, корҳои назаррас иҷро карда шудаанд.

Ҳамзамон барои сари вақт сохтан ва ба истифода додани ин иншоот чун армуғони идона ба ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Август 13, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид