Дар ноҳияи Рашт иншооти соҳаи маориф ва варзиш ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт якчанд иншооти соҳаҳои маориф, варзиш ва роҳу хизматрасонӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Рашт бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Зарангак дар маросими ботантана майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Бунёди чунин иншооти варзишӣ ба рушди соҳаи варзиш дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат, машғул шудан ба варзиш ва обу тоб ёфтани насли наврас ва ҷавон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 ва дар деҳаи Қалъаи ҳамин ҷамоат муассисаи ибтидоии №108 ба истифода дода шуданд.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум роҳҳои байнидеҳавӣ мумфарш гардонида шуданд.
Рушди минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат иншоот ва дигар инфрасохтори гуногуни хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва саноат бунёд мегарданд. Бунёди ин иншоот ки ба некӯаҳволии сокинон нигаронида шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






