Дар шаҳри Хуҷанд ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳарду соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.
Ба ҳашари экологӣ беш аз 100 нафар кормандони беморхонаи вилоятии шараёни дил, варзишгарон, ҷавонон ва сокинони гуногункасб ҷалб гардиданд.
Иштирокдорони ҳашар аз канорҳои дарё алафҳои худрӯй, партовҳои пластикию полиэтилениро пурра барчида, ба тозаву озода ва зебою дилкаш нигоҳ доштани атрофи дарёи Сир мусоидат намуданд.
Бо гузаронидани чунин ҳашарҳои экологӣ шаҳрвандон дар покиза нигоҳ доштани муҳити зист ва ободонию хуррамгардонии ҳар гӯшаи мамлакат саҳм мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






