Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ноҳияи Ёвон 484 иншоот ба истифода дода шуд

Август 7, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ноҳияи Ёвон 484 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки 86,2  фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода 5 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 шаш синфхонаи иловагӣ барои 300 хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд.

«Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва саҳми шахсони саховатпешаю эҳсонкор дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, 17, 20, 23, 37, 39, 54, 55, 56 ва 69 сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳо иборат аз 112 синфхона барои 5600 хонанда идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар назди панҷ муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳо бо фарогирии 54 синфхонаи иловагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд