Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Football For Schools»-и ФИФА амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Football For Schools» (Футбол барои мактабҳо)-и ФИФА амалӣ карда мешавад. Дар доираи оғози лоиҳа ситораи футболи ҷаҳонӣ, беҳтарин футболбози Аврупо дар соли 1994 Христо Стоичков ба Тоҷикистон меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи оғози лоиҳаи «Football For Schools» 25-26 август дар шаҳри Душанбе барои 45 омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат семинари омӯзишӣ баргузор карда мешавад. Ҳамчунин 27 август дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» ҷашнвораи футбол баргузор мегардад.
Дар асоси нақшаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон соли 2025 лоиҳаи «Football For Schools»-и ФИФА 130 мактаби кишварро фаро мегирад. Ин лоиҳа ба омӯзиши ҷаҳонӣ, рушд ва ҷалби кӯдакон ба футбол равона шудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






