ФУТБОЛ. Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт

Август 19, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» бозии сеюмро анҷом дод. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 18 августи соли 2025 дар даври ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Узбекистон бо ҳисоби мусовӣ – 3:3 бозӣ кард. Голҳои дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистонро Абдулло Иброҳимзода, Меҳрубон Одилзода ва Назрулло Ашӯрализода ба нишон расониданд.

Қаблан дар шаҳри Медан дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Индонезия бо ҳисоби мусовии 2:2 бозӣ карда, аз дастаи мунтахаби наврасони Мали бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.

Ёдовар мешавем, ки барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқа дар Индонезия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 мебошад, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) вомехӯрад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 19, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд