Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мониторинг ва арзёбии вазъи радиатсионии минтақаҳои Тоҷикистон аз 7 то 9 август кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба дараи Уреҷи кӯҳҳои Фони Панҷакент сафар намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, кормандони агентӣ ҳолати кунунӣ ва вазъи радиатсионии пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч», «Кӯли Чуқурак», «Кӯли Калон» ва ёдгориҳои таърихии «Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»-ро бо истифода аз усулҳои пешбинигардида ва таҷҳизоти наву замонавӣ барои муайянкунӣ ва таҳияи харитаи радиатсионӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор доданд. Аз минтақаҳои таҳқиқшаванда барои муайян кардани мавҷудияти радионуклидҳо намунаҳои об ва хок гирифта шуданд.
Аз рӯи маълумоти бадастомада, дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ харитаҳои дақиқи радиатсионии ин мавзеъҳо таҳия карда мешавад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои агентӣ, дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гузаронидани мониторинги радиатсионӣ дар назар аст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






