ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» ба финали ин мусобиқа роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бозии аввал, ки дар шаҳри Бохтар байни дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар вардид. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум бозингари дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд Санҷар Рисқибоев кушод. Пас аз 3 дақиқа Аҳтам Ҳамроқулов аз дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар голи ҷавобӣ зад ва ҳамин натиҷа то охир нигоҳ дошта шуд. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 4 бар 3 ғолиб омаданд.
Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «Талко-арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Шерзод Муҳаммадиев аз дастаи «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 53 ва Шериддин Бобоев аз дастаи «Равшан» дар дақиқаи 63 аз пеналтӣ гол заданд ва вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб ба поён расид. Дар дақиқаи 106-уми вақти иловагӣ Самандар Қодиров голи дуюми дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро зада, ғалабаи дастаашро таъмин кард.
Ҳамин тариқ, дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки моҳи сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ғолиби феълии Ҷоми миллӣ – дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид






