ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Исфара иншооти соҳаи маориф таъмир ва навсозӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи соли нави таҳсил дар шаҳру деҳоти Исфара бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорон якчанд иншооти соҳаи маориф таъмир ва навсозӣ карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар маҳаллаи Таги Бораи деҳоти Чоркӯҳ сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак ва майдончаи варзишӣ идома дорад. Бинои муассиса бо тарҳи муосир қомат афрохта, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам менамояд. Ҳамзамон сохтмони толори варзишии болопӯшида идома дошта, он ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат кунад.
Инчунин дар ин ҷамоат сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 барои 240 хонанда идома дорад. Муассиса бо синфхонаҳои барҳаво, ошхона, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ муҷаҳҳаз гардида, баъди ба истифода додани он норасоии ҷойи нишаст бартараф хоҳад шуд.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Чоркӯҳ бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинон корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, марказҳои савдою хизматрасонӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол низ бунёд мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






