ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, чоршанбе, 218-умин рӯзи соли 2025 аст

Август 6, 2025 08:00

6 августи соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

***

6 августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

6 августи соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди истифода қарор гирифт.

***

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификат ва кимоно супорида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб дар иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  шинос шуданд.

***

6 августи соли 2021 Форуми 3-юми намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати АМИТ «Ховар» ба тариқи онлайн доир  шуд

***

6 августи соли 2022 таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад.

6 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи байналмилалии  «табибон барои сулҳ».

***

Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дамир Дӯстмуҳаммадов — соли 1941-оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).

Август 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 312-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст