Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд

Август 9, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон (10 август) ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода варзишгарон ва мураббиёну собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ заминаи хуб гузошта шуд. Дар натиҷаи ин ғамхориҳо варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро пайваста парафшон менамоянд».

Варзишгарони вилояти Суғд дар шаш моҳи соли равон ба гирифтани 1522 медал, аз ҷумла 451 медали тилло, 442 медали нуқра ва 629 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд, ки натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш ба варзишгарон, устодони варзиш ва собиқадорони соҳа «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 9, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад