35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 1000 иншоот ба истифода дода шудааст

Сентябрь 8, 2025 13:30

ДУШАНБЕ,  08.09.2025.  /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз нақша пеш аз муҳлат иҷро ва беш аз 1000 иншоот дар шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд иншооти ҷашнӣ буда, бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити мусоиди кор фароҳам оварда мешавад. Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш ва ошхона ҷойгир мебошанд.

Ҳамчунин сохтмони бинои Суди вилояти Суғд идома дорад. Бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида бунёд мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои нави зершуъбаи шаҳраки милитсияи соҳили рости Сирдарёи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмиру навсозии бинои филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 8, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд