Ангури Тоҷикистон дар вилояти Пензаи Русия талабгорони зиёд пайдо намуд

Сентябрь 23, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд. Дар ин замина содироти ангур аз боғоти Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Федератсияи Русия амалӣ гардид. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ҳаҷми содироти ангур дар ин мавсим афзоиш ёфта, танҳо дар моҳи сентябр даҳҳо тонна ангури баландсифати истеҳсоли Тоҷикистон ба Русия содирот карда шудааст.   Дар қатори дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия дар шаҳри Пенза маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон, хосса меваҷоти он талабгорони зиёд дорад.

Ангури содиротӣ бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалии тозагӣ ва сифат, дар банду басти махсус, тавассути нақлиёти яхдондор интиқол дода мешавад. Ин иқдом бо мақсади таъмини бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти тару тоза ва ҳамзамон дастгирии боғдорон амалӣ гардидааст.

Ҳамкории мутақобили судманд дар самти хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол густариш меёбад. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳаҷми содироти ангур ва дигар намудҳои меваҷоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русияро дар оянда низ афзоиш диҳанд.

Ба иттилои коршиносон, иқлими мусоиди Тоҷикистон ва таҷрибаи бойи боғпарварони маҳаллӣ барои парвариши ангури хушсифат шароити хуб фароҳам овардааст, ки он дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд