Бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад

Сентябрь 23, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таваллуди шоири бузурги классики тоҷику форс — Ҳофизи Шерозӣ, ки то имрӯз шеърҳояш вирди забони мардуми олам қарор гирифтаанд, 700 сол пур мешавад. Бинобар ин, имсолро метавон соли бузургдошти Ҳофиз дар Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳони мутамаддин номид.

11 июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Иштироки Тоҷикистон ба сифати баргузоркунандаи ин конфронс воқеан фарогир ва ҳамаҷониба буд. Яке аз иштирокдорони он, донишманди маъруфи Эрон Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ дар гузориши худ, ки дар матбуоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расонд, ёдовар шудааст, ки «Тоҷикистон бо ҳузуре пуррангу ҳамаҷониба… Ҳофизро амалан ба Порис оварда буд».

Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ таъкид намудааст, ки «қироати шеъри  Ҳасани Султон – шоири муосири тоҷик, ки дар поёни ҷаласа хонда шуд, сафари маҷозии Ҳофизро бештар дар хотираҳо нишонд:

Ишқ дар пардаи «Шаҳноз» ба Порис омад,
Ҳотифи анҷумани роз ба Порис омад.

Рафт овозаи ин ҷамъ чу бар базми малак,
Ҷибриил аз раҳи парвоз ба Порис омад.

Шонз-Элизаи Порис Мусаллост дигар,
Хоҷа аз гулшани Шероз ба Порис омад.

Гарчи аз хиттаи Шероз намерафт бурун,
Хоҷа сармасту сарафроз ба Порис омад.

Лафзи шаккаршикани форсии тоҷикӣ
Бо ҳама шавкату эъҷоз ба Порис омад.

Мутрибо, парда магардону мазан роҳи дигар,
Ишқ дар пардаи «Шаҳноз» ба Порис омад.

Дар Тоҷикистон ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоишу тантанаҳо идома доранд. 24 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон. Аз Порис то Душанбе» конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад, ки идомаи мантиқии ҳамон ҳамоиш мебошад. Дар конфронс донишмандони ватанию хориҷӣ оид ба рӯзгору ашъор ва ҷанбаҳои муҳими маънавию маърифатии осори шоир суханронӣ менамоянд.

Умедворем, ки ин конфронси илмӣ ҳам ба мисли конфронси қаблӣ, ки бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон 11 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар Париж баргузор гардид, қадами муҳим ва саҳифаи нав дар ҳофизшиносӣ хоҳад буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 23, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид